Ахбор

НАВРӮЗ-2024. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ «Карнавали наврӯзӣ» доир мегардад

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 17:29

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 январи соли 2024 ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои мутақобилан судманд ноил мешаванд

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 15:21

«Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои қобили қабул ва судманд ноил мешаванд»,-гуфт имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

 

МАФҲУМИ «ТЕРРОРИЗМ». Маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, ба муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 14:36

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин матлаб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид.

 

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 14:31

Дар асоси мувофиқаи дуҷониба, аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

 

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 10:54

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Дар ин маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаевро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев мулоқот намуданд

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 10:50

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

 

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 ба Ватан баргашт

Submitted by admin on Sun, 04/02/2024 - 13:35

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.

 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахабро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон ва ситоди мураббиёни тими миллии мамлакат истиқбол гирифтанд.

 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд

Submitted by admin on Sat, 03/02/2024 - 11:14

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои ҳунарнамоии шоён дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқобили тими миллии Урдун ҳунарнамоии хуб намуда, лаҳзаҳои зиёди голзанӣ созмон дод. Вале бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба суди дастаи Урдун хотима ёфт.

 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақият таманно намуданд

Submitted by admin on Sat, 03/02/2024 - 11:13

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабл аз бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии мамлакат мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бозиҳои хубу намунавӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ба футболбозони тоҷик изҳори сипос намуданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд

Submitted by admin on Fri, 02/02/2024 - 14:14

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа муҳтарам Рустами Эмомалиро шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.