Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) иштирок ва суханронӣ намуданд

Submitted by admin on Mon, 04/12/2023 - 06:56

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

Submitted by admin on Mon, 04/12/2023 - 06:55

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим

Submitted by admin on Sat, 02/12/2023 - 14:42

Муҳтарам хонум Раис,

Хонумҳо ва ҷанобон.

 

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 01/12/2023 - 15:39

1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) иштирок намуданд.

 

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш истиқбол гирифтанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Fri, 01/12/2023 - 13:06

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

 

Хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем.

 

Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем».

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз гардид

Submitted by admin on Fri, 01/12/2023 - 06:31

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ташриф оварданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳа

Submitted by admin on Thu, 30/11/2023 - 20:26

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо кормандони соҳа доир шуд.

 

Дар он масъалаҳо марбут ба омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва рафти татбиқи ин санади меъёрию ҳуқуқии муҳим дар ҷомеа, бахусус тавассути расонаҳои пуриқтидор, ба мисли телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Submitted by admin on Thu, 30/11/2023 - 09:36

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд

Submitted by admin on Wed, 29/11/2023 - 08:42

Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.

 

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.

 

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.

Президенти Тоҷикистон: «Бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад»

Submitted by admin on Wed, 29/11/2023 - 08:41

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шуро иброз доштанд, ки бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад.

 

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки занону духтарон бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонии мамлакат фаъолият дошта, дар самти соҳибкорӣ низ шумораи онҳо бояд зиёд гардад.