Ахбор

Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Хакасия намоишномаи «Наврӯз»-ро пешниҳоди тамошобинон мегардонад

Submitted by admin on Mon, 03/07/2023 - 20:13

Аз 2 то 10 июли соли равон гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дувоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии экологиву этникии театрҳои лӯхтак, ки дар Ҷумҳурии Хакасия таҳти унвони «Чир чайаан дар болои алаф» баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷашнвораи мазкур аз ҷониби ҳунармандони тоҷик намоиши «Наврӯз» пешкаши ҳакамон ва тамошобинон гардонида мешавад.

Мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Submitted by admin on Fri, 30/06/2023 - 17:52

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

Озмун барои ишғоли вазифаҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 30/06/2023 - 13:34

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии «Телевизиони Тоҷикистон», муҳаррири варзида 4 ҷой, муҳаррир 6 ҷой, муҳаррири хурд 2 ҷой, коргардон 1 ҷой, рассом 2 ҷой, танзимгар 1 ҷой, мухбир 2 ҷой, наворбардор 3 ҷой, котиби масъул 1 ҷой, коргардон-навбатдор 1 ҷой,  ва шореҳ 1 ҷой ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, техникӣ, рассом, коргардон.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 29/06/2023 - 18:08

29 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд.

Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа бартараф мегарданд

Submitted by admin on Thu, 29/06/2023 - 11:02

Тавре қаблан хабар додем, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.  Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои  сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.

Президенти Тоҷикистон: «Таълимоти дини мубини Ислом маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад»

Submitted by admin on Thu, 29/06/2023 - 08:26

Моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини Ислом маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб зоҳир мегардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ  ба муносибати Иди саиди Қурбон.

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Submitted by admin on Thu, 29/06/2023 - 08:24

27 июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.

Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.

Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Submitted by admin on Wed, 28/06/2023 - 08:28

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон пайи ҳам омад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар ду санаи муҳимро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бо гиромидошту арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои миллиамон истиқбол мегиранд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Submitted by admin on Mon, 26/06/2023 - 19:22

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.

Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд

Submitted by admin on Mon, 26/06/2023 - 19:21

Имрӯз, 25 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории ин чорабинӣ.

Дар ҷашнгоҳ намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил гардид, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид.