Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.