Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар арафаи оғози соли нави таҳсил туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса арзёбӣ гардид.