Ахбор

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори хориҷӣ се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Submitted by admin on Mon, 29/01/2024 - 15:10

Соли 2023 байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

 

Игор Черевченко: «Тоҷикистон ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст»

Submitted by admin on Mon, 29/01/2024 - 12:31

Ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳаштякфинали чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони шинохтаи соҳа ба таври шоиставу арзанда баҳо гузошта шуд. Собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Игор Черевченко дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Эксперсс» доир ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, ки ғалабаи футболбозони тоҷик шоистаи таҳсин, ҳаққонӣ ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.

 

Соли 2024 дар Тоҷикистон фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ ба 100 фоиз расонида мешавад

Submitted by admin on Mon, 29/01/2024 - 12:30

Соли 2023 фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар Тоҷикистон ба 83, 4% расонида шуд. То анҷоми пурраи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар мамлакат ба 100 фоиз расонида мешавад. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

 

Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 17:42

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.

 

Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 17:41

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.

 

Пешвои миллат: «Сада паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ фаро мерасад»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 17:34

«Ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад», — таъкид гардид дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

 

Дар идома Пешвои миллат иброз доштанд, ки дигар рукни муҳимми Сада ишора ба гардиши замонӣ барои оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ, яъне омода намудани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироат ба ҳисоб меравад.

 

Сарвари давлат Садаро рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ номиданд

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:07

Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд.

 

Дар идома гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ намудан мебошад, ки то кунун дар байни мардум чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада ёдовар шуданд, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он, рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб менамоянд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

 

Сарвари давлат илова намуданд, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.

 

«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:03

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада ёдовар шуданд, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он, рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб менамоянд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

 

Сарвари давлат илова намуданд, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.