Ахбор

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8-ниҳоӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:02

Имрӯз, 28 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

Агар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ пирӯз шавад, 2 феврал дар даври даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун бозӣ менамояд.

Иди Сада дар Тоҷикистон ҳамасола бо намоиши техникаву таҷҳизот ва маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил карда мешавад

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:01

28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.

 

Сада яке ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

 

Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми тоҷик мебошад

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:01

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннат, расму ойин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст. Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

 

Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёитабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 12:59

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

 

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Submitted by admin on Sat, 27/01/2024 - 20:42

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъйин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор муовини Прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазиф

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Sat, 27/01/2024 - 20:41

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Сафарзода Лашкар Аслам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

27 январи соли 2024

№АП-499

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Sat, 27/01/2024 - 20:40

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи аз вазифаи

раиси Бонки миллии Тоҷикистон

озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Sat, 27/01/2024 - 20:40

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

 

аз 27 январи соли 2024 №14

ш. Душанбе

 

Дар бораи аз вазифаи муовини

вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

озод намудани Раҳмонзода С.Ҳ.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

САДА-НИШОНЕ АЗ ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид

Submitted by admin on Sat, 27/01/2024 - 10:06

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад.

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд

Submitted by admin on Fri, 26/01/2024 - 18:29

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.