Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Wed, 18/10/2023 - 20:54

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистон ва Эрон ва дар ин зимн ҳамкории ду давлат дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Имрӯз бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад

Submitted by admin on Wed, 18/10/2023 - 09:34

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ гардид

Submitted by admin on Tue, 17/10/2023 - 09:57

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин имрӯз, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил гардид

Submitted by admin on Tue, 17/10/2023 - 09:56

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати мамлакат ва бо дастгирии роҳбарияти ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

«ДУРАХШИ АХТАРОН -ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филме, ки бо ташаббуси Президентони Тоҷикистон ва Узбекистон ба навор гирифта мешавад

Submitted by admin on Tue, 17/10/2023 - 09:55

Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ёдовар шудан бомаврид аст, ки айни замон банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон — Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Тоҷикистон идома дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коргардони  ҷавон Файзулло Файз, ки  ба кори банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон -Ҷомӣ ва Навоӣ» машғул мебошад,  дар бораи рафти таҳияи ин филм  суҳбат  намуд.

Имрӯз Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ мегардад

Submitted by admin on Mon, 16/10/2023 - 11:15

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 16 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин Синамоҷашнвора баргузор мешавад.

Дар Душанбе ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд

Submitted by admin on Mon, 16/10/2023 - 11:11

14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Дар вилояти Хатлон ҷашни Меҳргон пуршукуҳ таҷлил шуд

Submitted by admin on Mon, 16/10/2023 - 11:08

14 октябр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кишоварзон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил менамуданд. Бинобар ин Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.

«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Имрӯз дар Душанбе ин ҷашни ниёгон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Submitted by admin on Sun, 15/10/2023 - 14:29

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҷамъомади идона.

Пешвои миллат: «Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад»

Submitted by admin on Sun, 15/10/2023 - 14:22

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

«Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд», — иброз доштанд Сарвари давлат.