Ахбор

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

Submitted by admin on Sat, 14/10/2023 - 21:10

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо ҳамчун рамзи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии дастархони ҳар як хонадони Ватани муқаддасамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд.

МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАЙЗУ БАРАКАТ! Кишоварзони Тоҷикистон дар ин рӯз дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд

Submitted by admin on Sat, 14/10/2023 - 18:48

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати  мамлакат  пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 17:16

13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.

АЗ МЕҲРГОН ТО МЕҲРГОН. Он иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст!

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 17:03

Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал- намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 14:57

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 14:55

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз шуд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 11:33

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.

«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз меёбад

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 11:31

Имрӯз, 13 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ ба кор оғоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат дар пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гул гузошта, оид ба осор ва рӯзгори ӯ суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.

«ТAJBUILD». Намоишгоҳе, ки 67 ширкати ватаниву хориҷиро дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 09:42

Имрӯз дар шаҳри  Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватаниву хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид, ки он бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди  соҳаи сохтмону саноат ва тарғибу ташвиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда  шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш бо ташаббус ва роҳбарии Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 14 октябр идома меёбад.