Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 09:38

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд

Submitted by admin on Wed, 11/10/2023 - 16:52

Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. 

Дар театри мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии «Шоми фалак» дар иҷрои ансамбли «Фалак»- и ба номи Одина Ҳошимов пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар мушовараи Кумита

Submitted by admin on Tue, 10/10/2023 - 18:22

Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, роҳбарони раёсату сохторҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, сармуҳаррирон, саркоргардонҳо, сардорони идораҳои телевизион ва радиоҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

ИМРӮЗ — РӮЗИ ФАЛАК. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷамъомади идона доир мегардад

Submitted by admin on Tue, 10/10/2023 - 09:49

Бахшида ба Рӯзи Фалак имрӯз, 10 октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади бошукуҳ  баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз оғози барномаи консертӣ дар саҳни театр  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асбобҳои миллӣ доир гардида,  китобҳо доир ба ҷашни фалак ва тафсири фарҳангшиносӣ аз тарафи китобхонаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ муаррифӣ  мешаванд.

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НУРИДДИН САИД БА ИФТИХОРИ « РЎЗИ ФАЛАК»

Submitted by admin on Mon, 09/10/2023 - 17:13

Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии  фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро  аз қабили Шашмақом ва Фалак фаро мегирад, таърихи хеле қадима дорад.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба вазъи сиёсии Ховари Миёна

Submitted by admin on Sun, 08/10/2023 - 21:17

Мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна, ки сабабгори талафоту осеб дидани сокинони осоишта ва вайрону валангор гаштани иншооти зиёди таъиноти гуногун гардид, боиси нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти баамаломадаро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани нооромӣ ва оғози муколама баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.

Изҳори тасаллият ба осебдидагони зилзилаи Афғонистон

Submitted by admin on Sun, 08/10/2023 - 21:15

Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Афғонистон заминларза ба амал омад.
Тибқии иттилои расида ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз руи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.
Дар натиҷаи офати табии беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, зиёда аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Бар асари  заминларза нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон муайян карда нашудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Sun, 08/10/2023 - 21:13

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Русия Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш аз сидқи дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» муайян гардиданд

Submitted by admin on Sat, 07/10/2023 - 14:26

Имрӯз дар Душанбе маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супоридани Шоҳҷоизаю ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо шукуҳ ва бо пешниҳоди барномаи фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи панҷ номинатсия ғолибон, аз ҷумла дар номинатсияи «навозандагӣ» жанри анъанавӣ Фазлиддин Одинаев, номинатсияи «сарояндагӣ» Хусрав Ҳабибов, номинатсияи «композиторӣ» Манучеҳр Бурҳонов, номиантсияи «санъати тасвирӣ» Муҳаммадҷон Ҳикматзода ва номиантсияи «дизайн» Наргис Саидова соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд

Submitted by admin on Thu, 05/10/2023 - 16:53

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.

Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.