Ахбор

ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:01

Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Ҳисор даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:00

Аз шаҳри Ҳисор дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  27 нафар  довталаб иштирок намуда, 2 нафар бо гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:00

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифта,  фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доранд.

Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд

Submitted by admin on Mon, 25/09/2023 - 10:36

21 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ» конференсия доир шуд

Submitted by admin on Mon, 25/09/2023 - 10:34

21 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ: саҳм дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

Submitted by admin on Sat, 23/09/2023 - 13:02

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Фонди Саудӣ оид ба рушд Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад дар Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ идома дорад, доир гардид.

БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ

Submitted by admin on Fri, 22/09/2023 - 10:26

Устод Садриддин Айнӣ,  чунонки аз осораш пайдо аст, ба падари шеъри тоҷикӣ иродату эҳтироми хосе қоил будааст. Ҳамин эътиқод ва иродати махсус ба Одамушшуаро будааст, ки устод Айнӣ ба навиштани мақолоти арзишманди тадқиқӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ ва хусусияти шеъри ӯ иқдом намуда, на танҳо бунёди рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон гузошт, балки дар натиҷаи ковишҳои пурсамари илмӣ-тадқиқотияш дар бораи  шоир  нахустин бор ба бозкушоии санъати шеъри устод, муъҷизаосоии сухани ӯ ва кашфи мазори гумноми устод Рӯдакӣ низ шарафёб гардид.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст

Submitted by admin on Fri, 22/09/2023 - 10:25

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сию ду соли истиқлоли давлатӣ чун давлати озоду мустақил таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самту соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Яке аз ин соҳаҳо воситаҳои ахбори омма (минбаъд — ВАО) мебошанд, ки рушди он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Submitted by admin on Fri, 22/09/2023 - 10:24

Соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик давраҳои тиллоии ҳаёти давлат ва миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва азму иродаи қавии давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд.