Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафар ба Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 11:31

Имрӯз, 14 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 11:30

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 11:29

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Душанбе Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 11:27

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Миёна оғоз гардид. Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори он роҳбарони ташкилоти кор бо ҷавонон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 10:29

Имрӯз, 14 сентябр  Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 10:27

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш  дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  доир мегардад.

Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 10:26

Имрӯз, 14 сентябр  Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

САММИТИ ДУШАНБЕ. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 10:25

14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад ва ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд. Интизор аст, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ гарданд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 09:37

Имрӯз дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ соҳибкорони ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.

Дар Душанбе маросими тантанавии муаррифии маркаҳои ҷашнӣ баргузор гардид

Submitted by admin on Wed, 13/09/2023 - 10:14

Имрӯз, 12 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии муаррифии маркаҳои почтавӣ, ки ба муносибати 5-солагии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба табъ расидаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.