Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд.
Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.
Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.