Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.