Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 15:31

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 14:52

12.05.2026, Чин

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Пекин,

Муҳтарам Раиси Шурои Донишгоҳ,

Дӯстони гиромӣ!

Унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Чин барои ман шарафи бузург аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки ин унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқи худро иброз менамоям.

Донишгоҳи Пекин, ки бо номи «Бейда» маъруф аст, дар тӯли таърихи беш аз садсолаи худ, бо дастовардҳои таълимиву илмӣ ба ҳайси яке аз мактабҳои олии пешрафта дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 12:30

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 12:18

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.