Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Индонезия бар асари боришоти шадид ва ярчу обхезиҳои фалокатбор боиси андуҳи беандозаи мо гардид.