Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобх

Submitted by admin on Tue, 14/11/2023 - 13:25

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар рӯзҳои қабл аз баргузории маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ба иштироккунандагони фаъоли озмун ва кормандони Китобхонаи миллӣ ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Submitted by admin on Tue, 14/11/2023 - 13:23

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

 

Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Tue, 14/11/2023 - 08:31

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

 

Дар робита ба даргузашти бармаҳали бародаратон Булат Назарбоев таъзияву таслияти амиқи маро қабул фармоед.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд

Submitted by admin on Mon, 13/11/2023 - 15:47

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

 

Кодекси фазои ҳавоӣ, қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.