Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Submitted by admin on Thu, 31/07/2025 - 12:26

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Wed, 30/07/2025 - 12:25

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд, аз ҷумла дар партави татбиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, изҳори қаноат карда шуд.

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ангола дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуд

Submitted by admin on Tue, 29/07/2025 - 08:38

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ангола ба таври маҷозӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Ҷумҳурии Анголаро муовини вазири корҳои хориҷӣ хонум Эсмералда Браво Конде да Силва Мендонса роҳбарӣ намуданд.

Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд

Submitted by admin on Mon, 28/07/2025 - 16:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Конфронси 6-уми ҷаҳонии Раисони парлумонҳо, ки аз 28 то 31 июл баргузор мегардад, ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайатҳои давлатҳои иштирокчии Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар назар аст.