Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 23/09/2026 - 19:34

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - ср, 23/09/2026 - 12:54

23.09.2026, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо дар айёме баргузор мегардад, ки чанд рӯз пеш мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Суғд ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда ва бо ифтихор аз роҳи пуршарафи дар ин муддат тайнамудаи давлату миллати тоҷик таҷлил намуданд.

Ба ифтихори ин санаи муҳимму сарнавиштсоз тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 23/09/2026 - 12:22

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - вт, 22/09/2026 - 14:05

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!