Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм, арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд.