Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ

Опубликовано admin - пт, 16/10/2026 - 16:56

16.10.2026, Арманистон

Муҳтарам ҷаноби Сарвазир Никол Воваевич Пашинян,
Муҳтарам Дабири кули Созмони Милал ҷаноби Антониу Гутерриш,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ин Саммит ва фароҳам овардани имконияти баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 16/10/2026 - 12:58

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд

Опубликовано admin - чт, 15/10/2026 - 21:02

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.

Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Опубликовано admin - чт, 15/10/2026 - 18:53

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.