Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд

Опубликовано admin - чт, 15/10/2026 - 15:38

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 22:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

​Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

​Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ  ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 19:33

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 15:43

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.