Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд

Опубликовано admin - сб, 24/10/2026 - 11:35

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.

Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - сб, 24/10/2026 - 11:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз ёфта буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд

Опубликовано admin - сб, 24/10/2026 - 10:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат –Роғун» оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - сб, 24/10/2026 - 10:12

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун санги асос гузоштанд.

Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.