Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - пт, 30/10/2026 - 11:07

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тамдид дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

Опубликовано admin - пт, 30/10/2026 - 11:06

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бо як қатор лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, логистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ шинос шуда, барои бунёди чанд иншооти муҳим санги асос гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 30/10/2026 - 10:56

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи корхона дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими амнияти дорувории кишвар, иқдоми муҳим ба шумор меравад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пт, 30/10/2026 - 10:39

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.