Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.