Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд

Опубликовано admin - чт, 17/09/2026 - 09:39

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид

Опубликовано admin - чт, 17/09/2026 - 08:51

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея

Опубликовано admin - чт, 17/09/2026 - 07:14

17.09.2026, Корея

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Корея, ҷаноби Донг-Ван Ким,

Профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Барои ман имконияти дидори имрӯза бо шумо ва сарфароз гардидан ба унвони Доктори фахрии яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Ҷумҳурии Корея боиси ифтихори  хосса аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқ изҳор менамоям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд

Опубликовано admin - чт, 17/09/2026 - 07:14

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.