Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд

Опубликовано admin - вт, 15/09/2026 - 15:03

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуданд.

Дар саҳни фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея

Опубликовано admin - вт, 15/09/2026 - 07:18

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид

Опубликовано admin - сб, 12/09/2026 - 10:09

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 11/09/2026 - 20:04

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд.