Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол — пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.