Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 11/09/2026 - 10:32

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд

Опубликовано admin - пт, 11/09/2026 - 09:51

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 09/09/2026 - 22:26

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ — 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - ср, 09/09/2026 - 19:45

09.09.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.

Сиву панҷ сол муқаддам мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд.

Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.