Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий

Опубликовано admin - пт, 19/06/2026 - 18:38

19.06.202, шаҳри Душанбе

Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма,

Нахуст, ташрифи Сарвазири муҳтарам, ҷаноби Кобахидзе ва ҳайати баландпояи Гурҷистонро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегуям.

Мо мулоқоту музокироти имрӯзаро имконияти мусоид барои баррасии    муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни ду кишвар медонем.

Бовар дорам, ки татбиқи ҳамаҷонибаи мувофиқаҳои дар ин зимн бадастомада ба ғанӣ гардонидани онҳо бо паҳлуҳои нави ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон

Опубликовано admin - пт, 19/06/2026 - 18:31

19.06.2026, шаҳри Душанбе

19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ҷаноби Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмию эътимод сурат гирифт, Тарафҳо аҳамияти сафари мазкурро ҳамчун саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ба вежа қайд карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 19/06/2026 - 18:24

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвари дӯст дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - чт, 18/06/2026 - 18:25

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон ва роҳбарияти он ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимӣ изҳор намуданд.