Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 10:32

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 Неругоҳи барқии обии Норак, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 09:51

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.

Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз шаҳри Норак оғоз ёфт.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ба истифода доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - чт, 23/04/2026 - 13:56

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 22/04/2026 - 18:36

ДУШАНБЕ, 22.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аз замони таъсиси Фонд, Тоҷикистон онро ҳамчун механизми муҳими ҳамкории бисёрҷониба байни кишварҳои минтақа дар масъалаҳои идораи захираҳои об ва экология эътироф намудааст.