Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик

Опубликовано admin - ср, 11/02/2026 - 10:27

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.

Аз ҷумла Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард, ба ҳузур мепазиранд.

Чанд чорабиниҳои дигар низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки доир ба онҳо иловатан хабар хоҳем дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - сб, 07/02/2026 - 11:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2026/АМИТ «Ховар»/. 7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии  интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.

Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025

Опубликовано admin - чт, 05/02/2026 - 08:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода ва нашр гардид.

Матни Солномаи Пешвои миллат дар соли 2025 дар сомонаҳои расмии president.tj, khovar.tj ва матбуоти даврӣ пешкаши хонандагон карда мешавад.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Опубликовано admin - сб, 31/01/2026 - 09:00

шаҳри Душанбе, 31.01.2026

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор – Сада самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст.