Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд

Опубликовано admin - сб, 09/05/2026 - 10:40

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба

Опубликовано admin - сб, 09/05/2026 - 08:00

09.05.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - ср, 06/05/2026 - 12:25

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.