Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд

Опубликовано admin - сб, 15/11/2025 - 19:21

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ — Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

Опубликовано admin - сб, 15/11/2025 - 17:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд

Опубликовано admin - сб, 15/11/2025 - 16:32

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд-Ҳумо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон

Опубликовано admin - сб, 15/11/2025 - 13:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.