Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.