Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пт, 24/10/2025 - 10:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 24/10/2025 - 09:55

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар кӯчаи Марказии деҳаи Пушинг бинои нави Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти навбунёд дар масоҳати умумии 1 ҳазору 950 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 24/10/2025 - 09:35

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази деҳаи Пушинг бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ба истифода доданд.

Бинои мазкур дуошёна буда, аз 10 ҳуҷраи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошад. Иншоот дорои шароити мусоиди корӣ буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - ср, 15/10/2025 - 13:26

14 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти Федератсияи Русия аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиашон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.