Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик намоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026./АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиковро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шуруъ карданаш табрик гуфтанд.