Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ба таври фосилавӣ шинос гардиданд.