Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд

Опубликовано admin - чт, 29/01/2026 - 19:14

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.

Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд

Опубликовано admin - ср, 28/01/2026 - 11:10

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ«Ховар»/. 28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 27/01/2026 - 17:01

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
таъин намудани Сафарзода А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2026
№1134

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 27/01/2026 - 17:00

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарзода Анвар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2026
№АП-969