Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба маъраз гузошта шуда буд.