Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.