Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - ср, 11/02/2026 - 17:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - ср, 11/02/2026 - 17:00

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик

Опубликовано admin - ср, 11/02/2026 - 10:27

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.

Аз ҷумла Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард, ба ҳузур мепазиранд.

Чанд чорабиниҳои дигар низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки доир ба онҳо иловатан хабар хоҳем дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - сб, 07/02/2026 - 11:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2026/АМИТ «Ховар»/. 7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии  интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.