Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - сб, 29/08/2026 - 11:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари оқибатҳои фоҷеабори фаромадани ярч ва обхезӣ дар ноҳияи худмухтори Ситсзани Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 28/08/2026 - 19:38

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба фаъолияти ҳафт иншооти дигари соҳаи маориф ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.

Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави соҳа барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллат заминаҳои муассир фароҳам овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 28/08/2026 - 19:21

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд

Опубликовано admin - пт, 28/08/2026 - 11:47

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ — 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.