Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 19:33

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 15:43

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 13:05

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 13:04

14.10.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо дар фаъолияти созандаатон барору комёбӣ ва ба хотири ободии Ватани азизамон ташаббусҳои нав орзу менамоям.