Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.