Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 19:13

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 18:46

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 15:31

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин

Опубликовано admin - вт, 12/05/2026 - 14:52

12.05.2026, Чин

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Пекин,

Муҳтарам Раиси Шурои Донишгоҳ,

Дӯстони гиромӣ!

Унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Чин барои ман шарафи бузург аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки ин унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқи худро иброз менамоям.

Донишгоҳи Пекин, ки бо номи «Бейда» маъруф аст, дар тӯли таърихи беш аз садсолаи худ, бо дастовардҳои таълимиву илмӣ ба ҳайси яке аз мактабҳои олии пешрафта дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.