Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 02/11/2026 - 13:46

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ  дар шаҳраки Баҳористони деҳоти Яхтан бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 02/11/2026 - 13:35

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Витаминҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 02/11/2026 - 12:50

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 02/11/2026 - 12:35

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов  дар доираи  тадбирҳои  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардидааст.