Таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Опубликовано admin - ср, 19/08/2026 - 11:50

ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - сб, 15/08/2026 - 10:31

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайданварзода Раҳмоналӣ Сайданвар ва Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 11:41

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.

Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад.

Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 10:37

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд.