Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 10:33

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 09:44

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шерозро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 09:23

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 09:12

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.