Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 29/07/2026 - 17:35

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

Опубликовано admin - ср, 29/07/2026 - 14:52

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Опубликовано admin - ср, 29/07/2026 - 11:53

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Опубликовано admin - вт, 28/07/2026 - 18:52

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид.